Бо мақсади наздиктар шудан ба муштариён ва пешниҳоди иттилооти пурра ва шаффоф, ширкати "Фархунда" вебгоҳи расмии худро бо нишонии www.farkhunda.tj ба кор даровард.
Сомонаи нав барои дастрасии осон ба маълумот дар бораи маҳсулот, навгониҳо, аксияҳо ва дигар рӯйдодҳо сохта шуда, интерфейси замонавӣ ва қулайро фароҳам меорад.
Меҳмонони вебгоҳ метавонанд бо чанд клик бо ширкат тамос гиранд, маҳсулоти пешниҳодшударо бубинанд ва аз хабарҳои тоза огоҳ шаванд.